Покистон манзили раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоденро дар шаҳри Аббатобод комилан тахриб кард. Бин Лоден рӯзи 2 май дар як амалиёти нирӯҳои коммандоси Амрико кушта шуд ва Исломобод хеле хашмгин шуда буд, ки ин ҳамла бидуни машварат ба покистониҳо анҷом шудааст. Сабабҳои тахриби манзили раҳбари Ал-Қоида ҳанӯз рӯшан нест.
Манзили Бин Лоденро комилан аз байн бурданд
Манзили Бин Лоден дар Аббатобод (Акс аз бойгонӣ)