Ҳалокати 49 нафар дар садамае дар Аргентина

Полиси Аргентина мегӯяд, дар садамаи қатори роҳи оҳан дар Буйнос Айрес 49 нафар кушта ва наздик ба 600 тан захмӣ шудаанд. Бино бар фарзияи аввалия фишангҳои исти қатор кор накардаанд ва қатор ба монеа бархӯрдааст.