Ангуштшумор сокиноне вуҷуд доранд, ки дар мавриди ҷашни Сада ва таҷлили он маълумот дошта бошанд.
Аммо Гадойбӣ, пиразани 92-сола, сокини маҳаллаи Куҳнашаҳри Кӯлоб аз камтарин нафаронест, ки таҷлили ҷашни Садаро ёд дорад. Дар солҳои охири солҳои 20-ум ва аввалҳои соли 30-уми асри гузашта ӯ шоҳиди таҷлили ҷашни Сада будааст. Ӯ мегӯяд, чанд ҳафта пеш аз Наврӯз, ки он замон дар кӯҳистон зиндагӣ мекарданд, сокинон ҳезум ҷамъоварӣ намуда гулхан меафрӯхтанд ва писарону духтарон аз болои он меҷаҳиданд.
«Пеш аз Наврӯз ҳам оташпарак мекарданд ва дар Наврӯз ҳам мекарданд. Пеш аз Наврӯз барои он мекарданд, ки чилаи хурдак барояд. Хунукӣ барояду гармӣ расад. Калонтарҳо мегуфтанд, ки аз болои оташ паред, дарду табатон гум мешавад. Баъдтар дигар намекарданд.»
Ин ҷашн то пурра барқароршавии ҳукумати шӯравӣ вуҷуд дошт, вале баъдан аз миён рафт. Танҳо ба гуфтаи фарҳангшиносон, бархе аз унсурҳои алоҳидаи он дар манотиқи кӯҳистон пойдор аст, вале касе ба таври мушахас дар рӯзи муайян аз он ҷашн намегирад.
Аммо рӯзи ҷумъаи 17-уми феврал Идораи фарҳанги минақаи Кӯлоб дар чанд толори китобхонаҳои шаҳру навоҳӣ миёни хонандагон бахшида ба рӯзи Сада чорабинӣ баргузор кард. Хайрулло Тоҳиров, мудири Идораи фарҳанг дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҷашни Сада дар рӯйхати чорабиниҳои фарҳангӣ ворид шудааст ва ба ин хотир чорабиниҳо баргузор мешавад.
Оқои Тоҳиров мегӯяд, бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз, ҷашни Сада ҳам дар Тоҷикистон дубора эҳё мешавад. Ӯ умедворӣ мекунад, ки дар солҳои оянда на танҳо дар Кӯлоб, балки дар тамоми Тоҷикистон Садаро ҷашн мегиранд: «Ҷашни Наврӯз байналмиллалӣ шуд. Ҷашни Наврӯз давоми мантиқии ҷашни Сада ҳаст. Акнун, умедворем, ки дар тамоми Тоҷикистон онро ҷашн мегиранд. Инҳо ҷашнҳои миллии мо ҳастанд ва ёдоварӣ аз онҳо ба худшиносии миллии мо кӯмак мекунанд.»
Дар ҳамин ҳол, Зафар Мирзоён фарҳангшиноси маҳаллӣ аз зинда шудани ин ҷашн истиқбол мекунад. Ӯ мегӯяд, ҷашни Садаро гузаштагони тоҷикон ба он хотир таҷлил мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз гузаштааст ва сардиҳо пушти сар шудаанд. «Гузаштагони мо солро ба ду тақсим мекарданд. Панҷ моҳ зимистон ва ҳафт моҳро тобистон медонистанд. Дар рӯзи се моҳу даҳ рӯз гузаштан аз зимистон, яъне ба тобистон 1 моҳу 20 рӯз мондан Садаро ҷашн мегирифтанд. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр.
Ҳушанг нафаре буд, ки ба гуфтаи Фирдавсӣ аввалин бор оташро кашф карда буд.»
Ҷашни Сада, ба 10-уми моҳи баҳмани солшумории Яздигурди рост меояд, ки тибқи солшумории масеҳӣ он 17-уми феврал аст.