Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози корзори Наврӯз бар лашкари зимистон


Рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми январ, мардуми бархе аз маҳаллоти Бадахшон тибқи анъана марҳалаи нахустини омодагӣ ба «Шогунбаҳор»-ро ҷашн гирифтанд.

Ин маросим аз паси сар шудани чиллаи зимистон ва берун шудани офтоб аз бурҷи шито ва оғози қувват гирифтани нурҳои шамси оламтоб мужда медиҳад ва дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ишкошиму Роштқалъа бо номи «Хирпичор» ва дар маҳалли Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо номи «Гравшан» маъмул мебошад. Ба умеди бештар шудани файзи «хир», яъне хуршед, дар ин рӯз кабдонуҳо аз орди гандум атола пухта, ба рӯйи сутунҳои хона гарди орд-рамзи покӣ ва сафедӣ мемоланд.

Умед Мамадпаноҳов, як сокини ноҳияи Шуғнон гуфт: «Чанд рӯз ҳаво хеле сард шуд, одам дар берун ях мекард, дарёҳо як баста яхсел ба кори нерӯгоҳи барқӣ ҳам халал ворид намуд, барқ аз рӯйи реҷа дода шуд. Вале ду рӯз мешавад, ки ҳаво якбора нарм гардид, ин нишон медиҳад, ки чиллаи зимистон поён ёфт, ҳаво рӯз то рӯз гармтар мешавад.»

Ба бовари мардумшиносон, оғози ҳаракати офтоб ба истиқболи Наврӯз дар аҳди ниёгон бо номи ҷашни Сада маъмул будааст. Муҳаққиқ Нисор Шакармамадов дар китоби «Оинҳои наврӯзӣ дар Бадахшон» навиштааст, ки Садаро вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ маъмулан дар охири тирамоҳ ҷашн мегиранд, аммо ин иштибоҳ аст. Зеро ҳанӯз яке аз саромадони назми форсу тоҷик Манучеҳрӣ дар мавриди Сада гуфтааст, ки он 50 рӯз пеш аз Наврӯз, яъне дар охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад:

Бар лашкари зимистон наврӯзи номдор,
Кардаст ройи тохтану қасди корзор.
В-инак, бимондааст ба панҷоҳ рӯз беш,
Ҷашни Сада талояи Наврӯзи навбаҳор
.

Хирпичор ва ё ҷашни Сада иди кишоварз аст. Пас аз 40 рӯзи хонашинӣ, ки дар шароити кӯҳистони сард барои кишоварз кор намеоянд, бо қувват гирифтани нурҳои офтоб, кишоварз дар фикри кишту кори баҳорӣ мешавад.

Журналист Гулоси Мамадлоиқ мегӯяд: «Кишоварз юғу испор ва дигар олоти деҳқониро аз назар мегузаронад ва онҳоро дуруст мекунад, барои бақувват будани барзаговҳо дар мавсими шудгор хӯрокаашонро рӯз ба рӯз зиёдтар мекунад, захираи тухмиро барои кишт омода мекунанд.»

Кишоварзони кӯҳистон бо назардошти шароити табии маҳал, тақвимеро тартиб додаанд, ки он хусусиятҳои узвҳои инсон чун нусхае аз олами кабирро дар худ таҷассум кардааст. Дар оғози ҳисоб нури офтоб ба нохуни «чор», яъне мард мерасад ва ҳамин тариқ ҳаракати рамзии офтоб кулли узвҳои баданро тай карда, бо расидан ба мағзи сари инсон, тақвим ба охир мерасад. Аммо пас аз чанд муддате, ки офтоб дар роҳи ҳаракат аз нохун ба зону мерасад, марҳилаи дувуми омодагӣ ба Наврӯз таҷлил мешавад.

Ин ид дар Бадахшон бо номи Батайём ва ё «хирчизон»-офтоб дар зону маъмул буда, онро одатан рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи саввуми моҳи феврал ҷашн мегиранд. Ин идро пайки баҳор ва ё сафири баҳору ибтидои зиндашавии табиат низ ном мебаранд. Ба ифтихори ин ид хонаводаҳо хӯроки махсус аз орд, равған ва ширу шакар, ки ба забони шуғнонӣ "бат" ном дорад, омода мекунанд ва берун мебароранд.

Сокини солманди ноҳияи Шуғнон Мирзошо Лутфишоев мегӯяд: "Дар ин давра тафи замин мебарояд, марди деҳқон аз даҳанаи танӯр кафи хокистар гирифта ба замин мепошад. Тибқи одати қадим, кадом намуди донае, ки нахуст дар хокистар пайдо мешуд, дар ҳамон сол деҳқон ҳамон намудро бештар кишт мекард."

Сипас хокистари аз аловдонҳо ҷамъшуда дар ҳавлӣ ва пору ба замину боғот кашонида мешавад. Бачаҳо дар ин рӯзҳои офтобӣ болои бом баромада, ба бозиҳои гуногун машғул мешаванд.

Аммо пас аз чанд муддат вақте офтоб ба дил мерасад, Наврӯз аст, ки онро дар Бадахшон «Шогун» ва ё иди хуҷаста ва сайиди сари сол меноманд.
XS
SM
MD
LG