Дастаи Замбия Ҷоми футболи Африқоро соҳиб шуд

Дастаи мунтахаби Замбия дар бозии ниҳоии Ҷоми Африқо аз болои тими кишвари Соҳили Оҷ пирӯз шуд.

Бахши асосӣ ва иловагии бозӣ бо ҳисоби 0 бар 0 поён ёфт. Дар задани ҷаримаҳои ёздаҳметра футболбозони Замбия муваффақ шуданд - бозӣ бо ҳисоби 8 бар 7 поён ёфт ва дастаи футболи Замбия соҳиби Ҷоми Африқо шуд.

Зимнан, дар ин бозӣ футболбози маъруфи Соҳили Оҷ Дрогба дар дақиқаи 70-ум натавонист зарбаро аз ёздаҳ метр ба нишон расонад ва пирӯзии дастаи худро таъмин кунад.