Ду сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бо иттиҳоми тадриси ғайриқонунии улуми мазҳабӣ боздошт шудаанд. Мақомоти умури дохилаи вилояти Суғд ба «Азия Плюс» гуфтаанд, Холиқ Яъқубови 40-сола дар масҷиди маҳаллаи Какир 13 ноболиғро ба дарсҳои динӣ фаро гирифта, аз ӯ як силсила адабиёти мазҳабӣ мусодира шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Фурқат Иброҳимови 31-сола дар манзилаш тифлони аз 4- то 6-соларо ба дарсҳои исломӣ ҷалб карда буд. Бар асоси қонуни ду сол пеш тасвибшудаи дини Тоҷикистон, тадриси ғайриқонунии мазҳабӣ дар ин кишвар мамнӯъ мебошад.