Сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ ҳафтаи оянда барои таҳияи бистари сулҳи Афғонистон ба Қатар сафар мекунад. Ин сафар баъд аз он иттифоқ меафтад, ки вазири умури хориҷии Покистон, Ҳино Раббонӣ Кҳар ҳафтаи гузашта дар Кобул гуфт, агар афғонҳо роҳи ояндаи сулҳи худро муайян кунанд, Покистон кӯмакашро дар ин самт дареғ нахоҳад дошт. Бисёриҳо бар инанд, ки ширкати Толибон дар гуфтушунид ва мавзеъгирии онҳо ба Исломобод бастагӣ хоҳад дошт. Толибон моҳи гузашта эълон карданд, ки бо мақсади гуфтугӯи сулҳ дар Қатар дафтари сиёсӣ боз мекунанд.