Ҷойи муҳокимаи Сайф-ул-Ислом ҳанӯз маълум нашудааст

Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят (ICC) дар Гаага мегӯяд, ҳанӯз дар мавриди муҳокимаи Сайф-ул-Ислом дар қаламрави Либия тасмим нагирифтааст. Фодӣ ал-Абдулло, сухангӯи додгоҳ, гуфт, додрасон ҳукми худро ҳанӯз содир накардаанд. Аммо аз ин пештар Алӣ Халифа Ашӯр, вазири адлияи Либия гуфт, Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят ризоият додааст, то Сайф-ул-Ислом дар Либия муҳокима шавад. Сайф-ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткарда ва кушташудаи Либияро шӯришиён моҳи ноябр дар як гӯшаи биёбонии Либия дастгир карданд. Додгоҳи Байналмилали Ҷурму Ҷиноят ӯро ба қатли тазоҳургарон дар соли гузашта муттаҳам мекунад.