“Ихвон-ул-муслимин” дар нахустин иҷлоси порлумони Миср

Имрӯз нахустин иҷлоси порлумони тозаинтихоби Миср баргузор мешавад. Ҳизби “Ихвон-ул-муслимин” аввалин бор дар даҳсолаҳои охир яке аз барандагони асосии интихобот шуд. Он эълом доштааст, ки кишварро аз дасти ҳокимони ҳарбӣ ба ҳукумати шаҳрвандӣ интиқол дод. “Ихвон-ул-муслимин” намояндаи ҳизби “Озодӣ ва Адолат”-ро ба раёсати маҷлис пешбарӣ кардааст. Ҷунбиши ҷавонон гуфтааст, дар назди порлумон бо шиори он ки қурбониёни инқилоб фаромӯш нашаванад, тазоҳурот барпо хоҳад кард.