Сокинони Финляндия президенти навро интихоб мекунанд

Тарю Ҳалонен, раисиҷумҳури феълии Финляндия

Имрӯз дар Финляндия интихоботи раёсатҷумҳурӣ мегузарад. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, миёни 8 довталаб собиқ вазири молия Саулӣ Ниинисто барои пирӯзӣ шонси бештар дорад. Ва аммо натоиҷи пурсиши афкори умум ҳокист, ки ӯ ба дарёфти 50 дар сади раъйҳо муваффақ нахоҳад шуд.Аз ин рӯ ҳадс зада мешавад, ки номи раисиҷумҳури нави Финляндия шояд рӯзи 5 феврал, дар даври дуюми интихобот, маълум шавад.

Сарвари нави давлат дар ин мақом хонум Тарю Ҳалоненро иваз хоҳад кард, ки аз соли 2000 ба ин сӯ раёсати кишварро бар дӯш дорад.