Вазорати дифои Русия мегӯяд, аввалин чархболҳои русӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки бо пули Иёлоти Муттаҳида сохта шудаанд, ба Кобул интиқол ёфтанд. Дар торнамои вазорат гуфта мешавад, 9 чархболи Ми-17B-5 дар мӯҳлати қарордодӣ омода ва ба Афғонистон фиристода шуданд. Қарор аст, то поёни сол 12 чархболи дигар омода ва ба мақомоти афғон супурда шавад.