Амрико барои омӯзиши моҳ сафинаи дуввумро партоб кард

GRAIL

НАСА-Ожонси фазонавардии Амрико мегӯяд, ки ду сафинаи бесарнишинро ба моҳ партоб кардааст ва он бахше аз барномаҳои омӯзишии моҳ мебошад, ки он чӣ тавр шакл гирифтааст. Ба гуфтаи НАСА, рӯзи якшанбе сафинаи дуввум бо номи GRAIL ба сафинаи GRAIL-и аввал пайваст. GRAIL-и аввал се моҳ пеш дар моҳи сентябр ба моҳ партоб шуда буд ва ҳоло ба моҳ наздик шудааст. Донишмандон мегӯянд, онҳо умед доранд, ки ин ду сафина бо худ моддаҳои заруриро хоҳанд овард ва он барои омӯзиши моҳ кӯмак хоҳад кард, то дақиқ шавад, ки моҳ чӣ тарз шакл гирифтааст.