Ҳавошиносон мегӯянд, дар рӯзҳои охири сол мунтазири кадом сардии шадид дар пойтахти Тоҷикистон нестанд. Ба гуфтаи онҳо, шаби Соли нав дар Душанбе ҳарорати ҳаво 5 дараҷа гарм хоҳад шуд ва интизор меравад, фақат муддати кӯтоҳе барфи тар биборад. Аммо Сабзина Сиҷоатшоева аз Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки аз 1 январ ҳаво сардтар хоҳад шуд ва дар ҳафтаи аввали соли нав имкон дорад, ки барф биборад, вале начандон зиёд.