Номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ шуданд

Дафтари матбуотии ҳукумати Турманистон гуфтааст, ки номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар баробари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов муаррифӣ кардаанд. Бино ба ин гузориш, Реҷер Бозоров-муовини раиси вилояти Дошоғуз, Муратгелдӣ Ҷумагелдиев-раиси ноҳияи Ҳалач, Розигелдӣ Розгулиев-иҷрокунандаи раиси роҳҳои обии Лебап номзад пешбарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо узви ҳизби ҳокими Туркманистон мебошанд. Раёсати ин ҳизбро Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур бар ӯҳда дорад. Интихобот 12 феврал баргузор мешавад.