Боздошти як террористи эҳтимолӣ дар Олмон

Додситонии федеролии Олмон гуфт, ниҳоди алайҳи терроризми полиси кишвар фардеро боздошт кард, ки дар таҳияи ҳамла бо супориши “Ал-Қоида” гумонбар мешавад.

Боздоштшуда шаҳрванди Олмон ва сокини шаҳри Бохум, ки аз ӯ Халил ном бурда шудааст, бо аъзои қаблан боздоштшудаи як гурӯҳи ифротгаро робита дошт. Мақомоти интизомии Олмон мегӯянд, ки онҳо аз як ҳамлаи густурдаи террористӣ ҷилавгирӣ кардаанд.