Имрӯз дар Душанбе бидуни ҳузури хабарнигорон анҷумани 12-уми ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон(ҲСДТ) доир шуд. Дар анҷуман барномаи кори сотсиал-демократҳо барои 4 соли оянда ва Оинномаи нави ин ташаккули мухолифи давлати Тоҷикистон тасвиб шуд. Раҳматуллоҳ Зоиров, ки аз замони ташкили ҳизб раҳбараш аст, барои боз як давраи нав раис интихоб шуд.
Масъулини ҳизб шумори аъзояшро то 7000 нафар мегӯянд, аммо ҲСДТ то ҳол натавонистааст дар интихоботҳо садди 5-дарсадиро убур карда, вакилони худро ба парлумони Тоҷикистон ворид кунад.
Масъулини ҳизб шумори аъзояшро то 7000 нафар мегӯянд, аммо ҲСДТ то ҳол натавонистааст дар интихоботҳо садди 5-дарсадиро убур карда, вакилони худро ба парлумони Тоҷикистон ворид кунад.