Бино ба пешбиниҳо, ҳарорат дар Тоҷикистон имрӯз хеле сардтар шуда, дар аксари вилоёташ имрӯз ҳавои абриву ҳамроҳ бо борон дар назар дошта шудааст. Ҳавошиносон имрӯз пойинтарин мизони ҳарорат – 3 дараҷаро дар Ғарм ва баландтаринашро, ки 10 дараҷа хоҳад буд, барои Қӯрғонтеппа пешбинӣ мекунанд. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Хоруғ – 5, дар Хуҷанд – 6 ва дар Кӯлобу пойтахт –Душанбе то 9 дараҷа гарм шавад.