Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои сербориш пешбинӣ мешавад. Дар чанде аз манотиқи кишвар борон ва дар мавзеъҳои кӯҳсор барф меборад. Ҳарорат дар водиҳо рӯзона байни 7 то 12 ва дар кӯҳистон байни 1 то 6 дараҷаи селсия гарм мешавад. Ҳаво дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон то манфии 3 сард шуда, барф меборад. Осмон бар фарози Душанбе пурабр аст ва борони тӯлонӣ хоҳад борид. Ҳарорат дар пойтахти кишвар аз 8 то 10 дараҷа хоҳад буд.