Як узви баландпояи Конгресси Амрико мегӯяд, кишвараш бояд Русияро аз вуруд ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пешгирӣ кунад, то замоне, ки Русия ба тамомияти арзии Гурҷистон эҳтиром қоил нашавад. Ҷон Боҳнер-раиси Маҷлиси Намондагон зимни суханони худ дар нишасти Сандуқи Мерос гуфт, Обама набояд ба Гурҷистон фишор орад, ки аз вуруди Маскав ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҷонибдорӣ кунад.