Суқути як чархболи марзбонӣ дар Беларус

Бар асари суқути як чархболи нирӯҳои марзбонии Беларус 5 нафар, бо шумули 3 хабарнигори телевизион кушта шуданд. Сухангӯи Кумитаи марзбонӣ Аляксандр Тишенка гуфт, ин чархбол дар яккилометрии марзи Литва суқут карда, оташ гирифт. Мақомот ба таҳқиқи ин қазия шурӯъ кардаанд.