Боз як рӯзи абрӣ дар Тоҷикистон

Ҳавошиносон барои имрӯз, 19 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои асосан абриро пешбинӣ мекунанд. Интизор меравад, ҳаво фақат дар Хоруғ соф биояд, вале бо ҳамагӣ 8 дараҷа гармӣ. Имрӯз, қарор аст, ҳарорат дар Ғарм – то 14, дар Душанбе – то 23, дар Кӯлобу Хуҷанд – то 25 ва дар Қӯрғонтеппа то 28 дараҷа гарм шавад.