Маҷаллаи амрикоии “Forbce” гузориши худро зери унвони “Беҳтарин кишварҳо барои тиҷорат” ба нашр расонд. Дар ин гузориш Канадаву Зеланди Ҷадид ва Ҳонг Конг дар се зинаи аввал қарор гирифтаанд ва барои тиҷорат дорои беҳтарин шароит дониста мешаванд. Тоҷикистон дар зинаи 120 қарор гирифтааст ва аз ҷумлаи кишварҳое дониста мешавад, ки шароити хуби тиҷорат надоранд. Тибқи ин гузориш, Тоҷикистон аз лиҳози даромади нохолиси миллӣ дар миёни кишварҳои Шӯравии собиқ тақрибан дар ҷои ахир аст. Қирғизистон, ки бӯҳрони баъд аз инқилобро паси сар мекард, дар зинаи 115 қарор гирифтааст. Руссия дар зинаи 102 аст. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҷои кори муносиб нест, ба ин сабаб беш аз миллион нафар нируи корӣ дар хориҷ аз кишвар кор ва хонаводаҳояшонро дар Тоҷикистон таъмин мекунанд. Дар зинаҳои ахир Бурундӣ, Зимбабве ва Чад ҷой гирифтаанд, ки 10 зина поинтар аз Тоҷикистон қарор доранд.