Як даҳаи ҷанг дар Афғонистон тӯлонитар аз муддатест, ки нерӯҳои пиёдагарди амрикоӣ дар Ветнам ҷойгир буданд. Ҳамчунин тӯлонитар аз ҷангҳои инқилобиест, ки ҳар дуи он ҳашт солро дар бар гирифт.
Бар асоси як шумориши низомӣ, аз оғози ҷанг то авохири моҳи июли соли ҷорӣ, 2,3 миллион персонали низомии амрикоӣ дар Ироқ ва Афғонистон иҷрои вазифа кардаанд. 977 ҳазор персонали низомии амрикоӣ як бор ва 300 000 тан беш аз ду бор дар Афғонистон ва Ироқ ифои вазифа намуда дар мавриди ин ҷангҳо хотироте дошта, ҷангҳо низ ба навбаи худ бар зиндагӣ ва сарнавишти онҳо таъсир доштааст.
Бар асоси омори Оҷонси хабарии Ассошиейтед Пресс, теъдоди талафоти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз соли 2009 ба ин тараф афзоиш дошта то чаҳоруми октябри соли ҷорӣ 1682 тан будааст. То таърихи шашуми сентябр ҳудуди 13 ҳазору ҳафтсад тан дар ҷараёни ҷанг дар Афғонистон захмӣ шуданд. Дар ҷараёни ҷанг бар зидди терроризм, 2900 мард ва зани амрикоӣ бева шуда, ҳазорон кӯдак падарон ё модаронашонро аз даст додаанд. Дар асари ҷангҳо дар Афғонистон ва Ироқ, 1439 даст ё пояшонро аз даст дода маъюб шудаанд.
Аммо таъсири ростин ва ҳақиқии ҷанг дар Афғонистонро дар хонумҳои бева, кӯдаконе, ки дигар ҳаргиз падарон ва модаронашонро нахоҳанд дид, номҳои сабтшудаи кушташудагон бар лавҳи мармарин, як насл аз сарбозони озмуда ва кӯҳнакори захмӣ ва маълул, хотирот, зиндагиҳо ва сарнавиштҳое, ки барои ҳамеша тағйир хӯрдаанд, метавон андозагирӣ кард.