Александр Анкваб ба иҷрои салоҳиятҳои раёсатҷумҳурии Абхозистон шурӯъ кард

Дар шаҳри Сухуми Александр Анкваб имрӯз ба иҷрои салоҳиятҳои раёсатҷумҳурии Абхозистон шурӯъ кард. Дар ин маросим аз Маскав раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко иштирок кард. Анкваб дар интихоботи 26 августи имсол пирӯз шуд. Интихобот баъди даргузашти раиси ҷумҳурии пешини Абхозистон, ки истиқлолияти худро аз Гурҷистон эълон кардааст, баргузор шуд.