Ҳамлаи нерӯҳои Яман ба урдугоҳи асосии норозиён

Урдугоҳи асосии мухолифони Яман дар пойтахти ин кишвар, Санъо, ҳадафи мушакборон ва ҳамлаи нишонзанҳо шуд. Ин ҳамла соатҳое пас аз бозгашти раисиҷумҳур Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ба ватанаш оғоз ёфт. Тазоҳуркунандагон мегӯянд, дар натиҷаи ҳамла бa камияш як нафар кушта ва теъдоде аз мардум захмӣ шудаанд. Солеҳ дар паёмаш баъд аз бозгашт гуфт, хостори сулҳ ва қатъи хунрезист.