Муҳокимаи Усмонов ба поёнаш наздик мешавад

Вакилони дифоъаш аз додгоҳ хостаанд, то Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори радиои Би Би Сӣ бегуноҳ эълом шавад, зеро ба гуфтаи онҳо иттиҳомот алайҳи ӯ собит нашудааст. Урӯнбой Усмоновро додситонҳо ба узвият дар созмони тундрави Ҳизб-ут-Таҳрир ва пинҳон доштани ҷиноят муттаҳам мекунанд ва аз додгоҳ хостаанд, ӯро ба 5 соли зиндон маҳкум ва бо назардошти қонуни авф озод кунад. Аммо Файзиниссо Воҳидова, вакили дифоъи Ӯрунбой Усмонов мегӯяд, ҳеҷ далели шайъӣ дар мавриди узвияти хабарнигор ба Ҳизб-ут-Таҳрир вуҷуд надорад ва ӯ бояд бегуноҳ эълом шавад. Ӯрунбой Усмоновро моҳи июн бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт ва сипас таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ раҳо карданд.