Ҳавошиносон барои имрӯз, 21 сентябр, дар Тоҷикистон ҳавои асосан софу беғубор ва танҳо дар Хоруғу Хуҷанд ҳавои камабрро пешбинӣ мекунанд. Пойинтарин мизони ҳарорат – 14 дараҷа- имрӯз дар Хоруғ ва баландтарин дараҷаи гармӣ – 31 дараҷа – дар Қӯрғонтеппа дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм – 19, дар Хуҷанду Душанбе - 29 ва дар Кӯлоб – то 30 дараҷа гарм шавад.