Вуруди нерӯҳои Қаззофӣ ба хоки Нигерия

Хабаргузориҳои ғарбӣ гузориш додаанд, ки корвони нерӯҳои мусаллаҳи вафодор ба Муаммар Қаззофӣ раҳбари Либия ба қаламрави ҳамсоякишвари он Нигерия ворид шудаанд. Бар пояи ин гузоришҳо, корвони даҳҳо мошини боркаши хурдро сарбозони Нигерия ҳамроҳӣ мекарданд ва онҳо шоми душанбе вориди шаҳри биёбонии Агадези Нигерия шудаанд. Айни замон гузориш мешавад, ки нерӯҳои вафодор Қаззофӣ мавқеъҳои худро дар атрофи шаҳри Бани Валид охирин такягоҳи Қаззофӣ мустаҳкам мекунанд.