Филми Фарҳод Абдуллоев - дар "Киношок-2011"

Дар барномаи асосии ҷашнвораи “Киношок-2011” филми “Презумпсияи ризоият”-и коргардони тоҷик Фарҳод Абдуллоев низ ба намоиш гузошта хоҳад шуд. Ин филм фаровардаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҷашнвораи “Киношок-2011” аз 11 то 20 сентябр дар Анапаи Русия хоҳад гузашт ва ба барномаи асосии он дар маҷмӯъ 14 филм роҳ ёфтаанд. Ин ҷашнвора аз умдатарин сабқатҳои синамо дар паҳнои Шӯравии собиқ дониста мешавад.