Додгоҳи Сафаралӣ Сангов мутаваққиф шудааст

Сафаралӣ Сангов қабл аз марг

Мурофиаи додгоҳии парвандаи латукӯби Сафаралӣ Сангов мутаваққиф шудааст. Ин сокини Душанбе рӯзи 1 март аз сӯи маъмурони милисаи ноҳияи Сино боздошт шуда, баъди 4 рӯз бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт. Бо иттиҳоми хунукназарӣ дар иртикоби ин парванда дуафсари шӯъбаи аввали милисаи ноҳияи Сино ба додгоҳ кашонида шудаанд. Вакили мудофеъи ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова ба “Азия Плюс” гуфт, додгоҳ мунтазири анҷоми ташхиси ҷадид аст. Ташхиси аввал мегуфт, ки Сангов худро аз зинаҳо партофта, худкушӣ кардааст. Аммо пайвандони Сафаралӣ Сангов мегӯянд, ӯ дар натиҷаи шиканҷаи мақомоти милиса кушта шудааст.