Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар нишасти сарони кишварҳои ҳамсӯд, ки аз 2 то 3 сентябр дар Душанбе хоҳад гузашт, ширкат нахоҳад кард. Сафорати Узбакистон дар Душанбе бидуни ироаи ҷузъиёт хабар дод, ки Тошкандро дар ин нишаст сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев намояндагӣ хоҳад кард.
Қаблан раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев низ аз ширкат дар нишасти Душанбе даст кашид ва Боку гуфт, ба нишасти Душанбе сарвазир Артур Расизодаро эъзом хоҳанд кард. Раҳбарони Украинаву Беларус низ то ҳол ширкати худ дар нишасти Душанберо таъйид накардаанд. То имрӯз фақат 6 президент аз азми худ барои ширкат дар ин ҳамоиш, ки дар арафаи солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон доир хоҳад шуд, хабар додаанд.