Аз 27 дараҷаи Хоруғ то 40 дараҷа дар Қӯрғонтеппа

Акс аз бойгонӣ

Ҳавошиносон барои имрӯз, 24 август, дар Тоҷикистон ҳавои гарму соферо пешбинӣ мекунанд. Пойинтарин мизони ҳарорат – 27 дараҷа- барои Хоруғ ва баландтаринаш – 40 дараҷа – дар Қӯрғонтеппа дар назар дошта шудааст. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм – 29, дар Хуҷанд - 36, дар Кӯлоб – 37 ва дар пойтахт –Душанбе то 38 дараҷа гарм шавад.