Парвандаи Страусс-Канро мебанданд

Доминик Страусс- Кан

Доминик Страусс- Кан

Додситони масъули парвандаи Доминик Страусс- Кан аз қозӣ хостааст, ки ин парвандаро бубандад. Кеннет Томпсон, вакили мудофеъи Нафисат Дилло додситони Манҳеттен Сирус Вансро ба тардиди ҳаққи муваккили ӯ ба адолат айбдор кард. Страусс-Кан ба қасди таҷовуз ба номуси ин хидматкори меҳмонхонаи Ню-Йорк дар таърихи 14 май айбдор мешуд. Ин ҷанҷол мунҷар ба истеъфои ӯ аз мақоми мудири собиқи Сандуқи байналмилалии пул шуд.