Мавҷи таркишҳои пурқурбонӣ дар чанд шаҳри Ироқ

Имрӯз бар асари силсилаи таркишҳо дар Ироқ даҳҳо нафар кушта ва беш аз 200 тан захмӣ шуданд. Таркиши дугона дар маркази Қут дастикам 34 кушта ва беш аз 60 захмӣ ба ҷо гузошт. Мақомот мегӯянд, бомби аввал дар бозори пуриздиҳом таркид ва бомби дуввум вақте ки раҳгузарон ва наҷотдиҳандагон ба маҳалли инфиҷор расиданд. Таркиши маргталабона дар назди дари пулиси Наҷаф мунҷар ба ҳалокати дастикам 3 нафар шуд. Як тан дар таркиши Каркук ва дуи дигар дар инфиҷори Карбало кушта шуданд. Ду пулис дар Тиқрит ва 4 сарбоз имрӯз дар Бақуба ҷон бохтанд. Таркишҳо дар Бағдоду Рамодӣ ва Балоду Тоҷӣ низ даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Силсилаи ахири ҳамалот дар ҳолест, ки 47 000 сарбози Амрико бояд то поёни сол аз Ироқ хориҷ шаванд.