Рӯзи 14 август дар Хоруғ ба мақомот 34 мил аслиҳа супурдаанд. Муҳаммадҷон Назриев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин бор аз аҳолӣ 4 пулемёт, 11 автомат, 12 туфангча ва 7 камон гирифтаанд. Мақомоти милиса мегӯянд, супурдани чунин мақодири бузурги силоҳ дар арафаи сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, ки рӯзи 16 август оғоз хоҳад ёфт, тавассути тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ муяссар шудааст.