Бамгузорони интиҳорӣ дар Парвон 22 нафарро куштанд

Абдул Басир Солангӣ

Вазорати корҳои дохилаи Афғонистон мегӯяд, бамгузорони интиҳорӣ дар назди бинои вилояти Парвон дасткам 22 нафарро куштаанд. 6 бамгузори интиҳорӣ ва як марди мусаллаҳ ба бинои вилояти Парвон ҳамла бурдаанд. Он вақт Абдул Басир Солангӣ-волии вилоят дар мулоқоте бо ширкаткунандагон масъалаҳои амниятиро баррасӣ мекарданд. 16 нафар кормандони ҳукуматӣ ва 6 афсари полис кушта шудаанд. 34 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Нируҳои Толибон масъалияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.