Баъд аз лату кӯби як шаҳрванди Русия дар дафтари маҳаллии полиси Қирғизистон вазорати корҳои дохилаи ин кишвар пешинҳод кардааст, ки 7 корманди полисро аз кор барканор кунанд. Дар ин бора Раҳматилло Аҳмедов-сухангӯи вазорат хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, вазорат раҳбарияти полиси вилояти Ҷалолободро дар ин кор гунаҳгор медонад. Шаҳрванди узбактабори Русия бо номи Усмонҷон Холмирзоев 9 август аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҷон додааст. Холмирзоевро дар ноҳияи Бозор Қурғон 7 август лату кӯб кардаанд.
7 корманди полиси Қирғизистон аз кор барканор мешаванд
Полиси Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)