Абдо мехост ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад

Сарбози фирорӣ Носир Абдо, ки рӯзи гузашта дар наздикиҳои пойгоҳии низомии Форт Ҳуди аёлати Техаси Амрико дастгир шуда буд, иқрор намуд, ки ба роҳандозии ҳамлаи террористӣ омодагӣ мегирифт.

Дар ин бора низомиёни воломақоми амрикоӣ хабар доданд. Бар пояи иттилоъи Бюрои федеролии тафтишот, дар ҳуҷраи Носир Абдо дар меҳмонхона силоҳ ва мавод барои тайёр кардани бомб ошкор ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, ки дар бораи дар канори пойгоҳи низомӣ пайдо шудани шахси ношиносу машкук сокинони маҳаллӣ хабар додаанд.

Рушан шуд, ки Носир Абдо худсарона ҷойи хизматаш - пойгоҳи низомӣ дар аёати Кентуккиро тарк намудааст.

Соли 2009 бар асари тирандозии як табиби ҳарбӣ дар пойгоҳи Форт Ҳуд 13 нафар ба ҳалокат расида буданд.