Истиқболи Сенати Амрико аз истиқлоли Судони ҷанубӣ

Парчами Судони ҷанубӣ дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк

Сенати Амрико бо иттифоқи оро дар як қатънома аз истиқлоли Судони ҷанубӣ истиқбол кард. Судони ҷанубӣ рӯзи 9 июл бар асоси натоиҷи назархоҳии моҳи январ эълони истиқлол кард ва рӯзи панҷшанбе узви 193-юми СММ шуд. Ин назархоҳӣ аз ҷумлаи шартҳои созишномаи сулҳи соли 2005 буд, ки ба 20 соли ҷанг байни шимоли арабнишин ва ҷануби аксари ҷамъияташ сиёҳпӯст хотима дод.