Бохти фаннӣ ва 1500 сомонӣ ҷаримаи "Ҳосилот"

Кумитаи назорат ва ахлоқи Федеросиюни футболи Тоҷикистон дар пайи баррасии ҷанҷоли бархоста дар бозии мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон (ФФТ) байни тимҳои «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Ҳосилот»-и Фархор, ки рӯзи 10 июл дар варзишгоҳи ба номи Тешаеви ноҳияи Восеъ доир шуд, тими «Ҳосилот»-ро барои тарки худсаронаи майдон 1500 сомонӣ ҷарима баста, натиҷаи бозиро низ бо ҳисоби фаннии 3:0 ба фоидаи «Ҳулбук» ҳукм кард. Сафар Каримов, раиси ин кумитаи ФФТ ба Радиои Озодӣ гуфт, футболбозони «Ҳосилот» голи задаи мизбонон дар дақиқаи 81-уми ин бозиро ҳаром шумурда, доварро зада, намоишкорона тарки майдон карданд.
Сафар Каримов гуфт, кумитаи ахлоқ рафтори се бозигари муҷрим дар латукӯби доваронро алоҳида баррасӣ хоҳад кард.