Ҳалокати 10 сарбози яманӣ дар ҳамлаи "сабки Камароб"

Ҳарбиёни Яман мегӯянд, мусаллаҳони эҳтимолии Ал-Қоида аз камингоҳ ба корвони мошинҳои ҳарбӣ ҳамла карданд ва 10 сарбози нерӯҳои давлатии Яманро ба ҳалокат расонданд. Мусаллаҳон ба мошини ҳарбие оташ кушоданд, ки сарбозонро ба шаҳри Лодер дар вилояти Обён интиқол медод, Ҳамаи сарбозон кушта шудаанд.