Бино ба хабарҳо, бар асари сониҳаи як киштӣ дар баҳри Сурх ҳудуди 200 тан аз сарнишинонаш ҳалок шудаанд. Бовар меравад, ки ин киштӣ бар асари сӯхтор ғарқ шуда, танҳо 3 нафар аз мусофиронаш наҷот ёфтаанд. Ҳамаи қурбониён муҳоҷирони африқоии озими Арабистони Суадӣ будаанд.