Младич мехоҳад додгоҳи Ҳейгро бойкот кунад

Младич дар толори додгоҳи Ҳейг

Фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич қасд дорад, додгоҳи Ҳейгро бойкот кунад. Вакили мудофеъи ӯ Милош Салйич гуфт, Младич тасмим гирифтааст дигар дар мурофиаи парвандааш ширкат накунад, балки талаб дорад, то аз ӯ вакилони мудофеъаш намояндагӣ кунанд. Додгоҳи Ҳейг Младичро ба ҷиноёти ҷанг ва наслкушӣ дар солҳои ҷанги Босния айбдор мекунад. Ӯ моҳи май баъди 16 соли фирор дар Сербистон боздошт ва ба Ҳейг мустарид шуд.