Хабарнигорони бидуни марз марказаш дар Порис низ ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари байналмиллалӣ пайваст ва раҳоии ҳарчӣ зудтари Урунбой Усмонов-хабарнигори бахши узбакии радиои Би Би Си-ро тақозо кард. Дар изҳороти Хабарнигорони бидуни марз омадааст: “Ҳоло мақомот талош доранд эътибори худро нигаҳ доранд. Иттиҳомоти нав бар зидди вай бепоя баромад ва нақзи хашини озодии матбуот ба шумор меравад”. Урунбой Усмонов 13-ӯми июн ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир дар Хуҷанд боздошт шуд. Файзинисо Воҳидова-вакили мудофеи вай мегӯяд, “лағви иттиҳоми узвияти вай гувоҳӣ медиҳад, ки нируҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди вай далели кофӣ надоранд”.