Кохҳои Саддомро намоишгоҳу осорхона мекунанд

Давлати Ироқ мегӯяд, чанде аз кохҳои муҷаллали Саддом Ҳусейн, раиси ҷумҳури пешинро ба меҳмонсарову, осорхона ва намоишгоҳҳо табдил хоҳад дод. Абдул Заҳро Толиқонӣ, вазири ҷаҳонгардӣ ва осори атиқаи Ироқ ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ба зудӣ 9 кохи Саддом Ҳусайнро аз дасти нерӯҳои амрикоӣ ба ихтиёри худ мегирад ва онҳоро танҳо барои ҳадафҳои фарҳангӣ ва ҷаҳонгардӣ истифода хоҳад кард. Аз ҷумла, яке аз кохҳо, ки рӯ ба самти Рӯди Даҷла дорад, осоишгоҳ мешавад ва ду кохи дигари ӯ дар шаҳри Бағдод ба бойгонии миллӣ ва осорхонаи дастхатҳои миллӣ табдил хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ Саддом Ҳусайн, диктатори пешини Ироқ, ки соли 2006 ба дор овехта шуд, дар замони ҳукуматаш барои худу атрофиёнаш бештар аз 65 қасру қароргоҳҳои бошукӯҳ сохтааст.