Артиши Сурия шаҳраки дуввуми шӯриширо ба ҳадаф гирифтааст

Артиши Сурия амалиёти худро дар вилояти шимолии Идлиби ин кишвар баъд аз ба контрол даровардани шаҳраки саркаши Ҷиср аш-Шуғур идома медиҳад. Фаъолон мегӯянд, тонкҳо ба ҳаволии шаҳраки Морат ал-Номан наздик шудаанд. Дар ин шаҳрак бар зидди режими Башор Асад тазоҳуроти густарда баргузор шуда буд. Бан Ки Мун-Дабирии Кулли СММ дар ҷараёни боздидаш аз Аргентина гуфт, ҳукумати Сурия бар зидди мардуми худ “амалиёти ваҳшатбор” анҷом додааст:

“Вазъ дар Сурия хеле ташвишовар аст. Ин муборизаҳо аз чаҳорчӯбаи ҳар деҳу шаҳрак берун рафтааст. Саросари Сурияро фаро гирифтааст”.


Хабаргузории Анатолияи Туркия хабар додааст, ки тақрибан 7 000 нафар аз даргириҳо фирор кардаанд ва ба хоки Туркия гузаштаанд.