Маркази миллии ҳавошиносии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, соли 2011 барои ин кишвар соли марговартарин тӯфонҳо аз 1936 ба ин сӯ будааст. Бино бар арқоми расмӣ имсол аз тӯфон ё гирдбодҳо дар Иёлоти Муттаҳида 523 нафар кушта шудаанд. Пурқурбонитарин соли тӯфонҳои Амрико 1925 буда, 794 кушта ба ҷой гузоштааст. Дар соли 1936 дар тундбодҳои Амрико 552 нафар ба ҳалокат расид.