Беларуси бӯҳронзада аз Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) кӯмак хост. Сарвазири Беларус, Михаил Мясникович, гуфт, кишвараш умедвор аст, Сандуқи байнулмилалии пул ба он чизе миёни сеюним то 8 миллиард доллар дар 5 соли оянда ихтисос хоҳад дод. Намояндаи Сандуқи байнулмилалии пул дар Вошингтон гуфт, бино ба дархости ҳукумати Беларус, як ҳайати созмони байнулмилалӣаз 1 то 13-уми июн ба Минск сафар ва авзоъро баррасӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол Ҷомеаи ҳамкориҳои Авруосиё, ки ба он Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд, гуфтааст, мехоҳад, ба Беларус 3 миллиард доллар кӯмак фиристад.