Сардори бахши кофтукоби ҷиноии ШКД-и Вахш дар шиканҷа ва боздошти ғайриқонунӣ муттаҳам мешавад.
Парвандаи ҷиноии афсари милиса Ҷаъфар Мирзошоев бар асоси ду банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои
хизматӣ ва боздошту ҳабси ғайриқонунӣ ифтитоҳ гардидааст.
Бахтиёр Ҳайдаров, муфаттиши додситонии Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҳоло парвандаи афсари милисаи Вахш барои баррасӣ ба додгоҳи маҳаллӣ ирсол шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти расмии вилояти Хатлон вуҷуди шиканҷаю бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳои муваққат ва зиндонҳоро рад мекунанд, ин нахустин як парвандаи ҷиноии марбут ба шиканҷаи бадрафторӣ нисбат ба афроди боздоштшуда дар қаламрави вилояти Хатлон аст.
Ба гуфтаи Темур Боев, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, бисёр шуда, ки афроди судшаванда дар аснои мурофиаи додгоҳӣ мегӯянд, муфаттишон ё масъулони боздоштгоҳҳо онҳоро латукӯб карда, озору шиканҷа медиҳанд, аммо азбаски кам воқеъ шуда, ки ин ҷиноят ошкор гардад.
Таҳлилгарон ва пайвандони афроде, ки дар маҳбас нигаҳдорӣ мешаванд, мегӯянд, дар зиндонҳо аз шиканҷаю бадрафторӣ фаровон кор гирифта мешавад, аммо ба сабаби он ки исботи ин ҷиноят хеле сахту мушкил аст, дар ин маврид муроҷиатҳои расмӣ хеле кам ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, дар робита ба парвандаи куштори Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе ду пулиси шӯъбаи умури дохилии "Сино-1"-и пойтхат --Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов боздошт шудаанд.
Ҳарчанд мақомоти додситонӣ шиканҷаи Сафаралӣ Сангов аз тарафи ин ду корманди пулисро рад кардаанд, вале гуфтаанд, ки онҳо бар асоси моддаи 322-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "хунукназарӣ" айбдор мешаванд,
Сафаралӣ Сангов, сокини 37-солаи Душанбе, ки рӯзи якуми марти соли ҷорӣ аз тарафи маъмурони пулис боздошт шуда буд, пас аз чаҳор рӯзи он дар беморхонаи Қарияи Боло аз дунё даргузашт. Хонаводаи ӯ мегӯянд, ки Сангов аз тарафи маъмурони пулис латукӯб ва шиканҷа шудааст.
Аммо мақомоти умури дохилӣ ин иддаоро рад карда мегӯянд, худи Сангов мехост худро аз табақаи дуввуми бинои шӯъбаи умури дохилии Сино-1 ба замин партояд ва дар ҳамин ҳол осеб дидааст.
Дар зиндонҳо аз шиканҷаю бадрафторӣ фаровон кор гирифта мешавад, аммо ба сабаби он ки исботи ин ҷиноят хеле сахту мушкил аст, дар ин маврид муроҷиатҳои расмӣ хеле кам ҳастанд...