Рӯзи сеюми эътирозҳои Тифлис

22 маи соли 2011

Чандсад фаъоли мухолифини Гурҷистон имрӯз рӯзи сеюми намоишҳои эътирозии худро дар Тифлис бо талаби истеъфои президент Михаил Саакашвилӣ баргузор мекунанд.

Мухолифин Саакашвилиро дар яккаҳукуматӣ ва фишор болои мухолифин ва бисёрандешӣ муттаҳам мекунанд. Ҳукумат эътирозҳои ҳудудан сад ҳазор мухолифинро рӯзҳои шанбеву якшанбе талош карданд бо гази ашковар пароканда кунанд.